30 июли соли 2020 бо Қарори ҲҶТ, №428 Низомнома ва сохтори нави Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шуда, дар сохтори Кумита сохторҳои нав – раёсати ҳамоҳангсозии барномаҳои телевизионӣ, раёсати ҳамоҳангсозии барномаҳои радиоӣ ва дастаҳои ҳунарӣ, раёсати истеҳсолӣ ва назорати техникӣ, раёсати тиҷорат ва бахши муносибатҳои байналмилалӣ таъсис дода шуд. Дар ин бора имрӯз раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Саид Нуриддин Саид ба рӯзноманигорон иттилоъ дод.
Ҳамзамон, зикр карда шуд, ки дар соли 2020 сохтори нави “Телевизиони Тоҷикистон” иборат аз 14 идора, 5 шуъба ва саҳфаи телевизиони мусиқии Тоҷикистон – “Шаҳнавоз” дар мувофиқа бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди татбиқ қарор дода шуд. Сохтори нав ба соҳаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва сиёсии мамлакат мутобиқ буда, аз идораи барномаҳои иттилоотӣ; сиёсӣ – таҳлилӣ; субҳ; иқтисод, рушди сармоя ва соҳибкорӣ; ҳуқуқ, амният ва мудофиа; илм ва маърифат; кишоварзӣ, ислоҳоти замин ва масъалаҳои об; меъморӣ, сохтмон, нақлиёт ва комуникатсия; ҷавонӣ, варзиш, занон ва оила; фарҳангӣ, мусиқӣ ва фароғатӣ; рушди маҳал ва сайёҳӣ; тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоӣ ва аҳолӣ; саноат ва энергетика; телефилм ва дубляж, инчунин, шуъбаҳои танзим, коргардони овоз; наворбардорон; тасвирбардорон; ороиши бадеӣ ва дизайнер ва сафҳаи ТМТ “Шаҳнавоз” иборат мебошад, ки фаъолияти онҳо бо назардошти амалӣ гардидани сиёсати иттилоотии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда шудааст.
Дар нишасти матбуотӣ ҳамчунин гуфта шуд, ки соли 2020 бо мақсади ҳавасманд гардонидани кормандон бахшида ба ҷашнҳои давлатӣ ва идҳои касбӣ, 51 нафар бо нишони “Аълочии телевизион ва радиои Тоҷикистон”, 47 нафар бо “Ифтихорнома” ва 17 нафар бо “Сипоснома” – и Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардиданд. Ин нукта имрӯз зимни нишасти матбуотии Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ дода шуд
Ҳамчунин, иттилоъ дода шуд, ки бахшида ба ҷашну санаҳои давлативу миллӣ ба ятимону камбизоатон ва кормандони эҳтиёҷманд ба маблағи 148 ҳазору 831 сомонӣ кумакҳои моддиву молӣ расонида шуд