Ба иттилои бахши ҳуқуқи кӯдаки МИҲД Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар соли 2020 аз ҷониби ноболиғон 17 ҷиноят ба қайд гирифтаанду волидони онҳо ҷаримабандӣ шуданд.
Ба иттилои ин шӯъба дар ВМКБ 66 165 нафар кӯдакон сукунат доранд, ки аз ин теъдод 38 902 нафар хонанда, 786 нафар маъюб ва 75 нафар ятими як тарафаро ташкил медиҳанд.
Дар ин нишасти матбуотӣ, ки аз тарафи чанд ниҳод баргузор гашт, аз тарафи мудири шӯъбаи рушди сайёҳии вилоят ҳамчунин гуфта шуд, ки бештари нишондиҳандаҳои соҳа нисбат ба соли 2019 кам ба қайд гирифта шуданд, ки омили асосии он паҳншавии ковид-19 ва ворид нашудани сайёҳони хориҷиву ватанӣ ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мебошад.