Дар Тоҷикистон нисбати 100 фурӯшандаи маводи доруворӣ дар робита ба худсарона қимат намудани арзиши ин навъ мавод санадҳои маъмурӣ тартиб дода шуд.
Дар замони бемории ҳамагири каронавирус нархи маводи доруворӣ на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар кишварҳое, ки истеҳсолкунандаи асосии ин навъ мавод ба ҳисоб мераванд, боло рафтааст. Абдулмаҷид Муъминзод дар ҷамъи хабарнигорон аз бешарафии аксар фурӯшандаҳои маводи доруворӣ хабар дода, гуфт “дар шароити мушкили пандемия аксарияти сокинон дар ғами наҷот додани худу пайвандон қарор доштанд, бархе дигар дар фикри ҷамъ намудани пулу сарват буданд».
Шурӯъ аз моҳи апрел, замоне, ки маризии коронаиврус ба Тоҷикистон расид, якбора гарон шудани нархи маводи доруворӣ мушоҳида шуд.
Раҳбари Хадамоти мазкур аз саҳми кормандони прокуратура, вазорати беҳдошт ва кормандони ниҳоди зердасташ дар мӯътадил овардани қимати маводи доруворӣ таъкид намуда, афзуд, ки ҳудуди 100 фурӯшандаи маводи доруворӣ дар робита ба худсарона баланд бурдани арзиши дору муайян ва ҷазо дода шуданд. Дар ин замина Дамер мерганов Коршиноси масоили иќтисодӣ дар суҳбат ба радиои Тоҷикистон гуфт, ки «соҳибкорони инфиродӣ худсарона арзиши маводи дорувориро баланд бартоштаанд то манфиати зиёд ба даст оранд».
Ҳоло нархи ин навъ мавод мӯътадил шудааст ва дар самти якнавохт нигоҳ доштани арзиши дору, мақомоти марбута ҳамарӯза санҷишу таҳлилҳо баргузор мекунанд.
Доруи “Арбидол”, ки пизишкон замони авҷ гирифтани ин беморӣ дар Тоҷикистон бисёр тавсия медоданд, аз 50 сомонӣ то 250 сомонӣ гарон шуд.
Шоҳин Саидов,
Радиои Тоҷикистон