3 феврал Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд аз гармхонаи замонавии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “ММК Агро” дидан намуда, дар маъракаи ҷамъоварии ҳосили помидор ширкат варзиданд.
Иншооти мазкур дар доираи ҳидоятҳои бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ташкил гардида, дар он помидору бодиринг, қаланфури булғорӣ, ҳандалак ва дигар намуди сабзавот бо охирин насли технологияи инноватсионӣ парвариш карда мешаванд.
Гармхонаи инноватсионӣ аз ҷониби соҳибкор Мирзобахтиёр Мирзобаҳодуров соли 2020 дар масоҳати 2 гектар ташкил гардида, он ба ду қисм — гидропоникӣ ва органикӣ ҷудо шудааст. Технологияи парвариш аз Кореяи Ҷанубӣ харидорӣ карда шудааст.
Дар як гектари гармхона чор намуди помидор- “Алая каравела”, “Адреатика”, “Розовий биче сердса” ва “Дафниc” пухта расидаанд.
Ин навъи помидорҳо ба иқлим мувофиқ кунонида шуда, серхаридор ва ба касалиҳои гуногун тобовар мебошад.
Парваришу нигоҳубини тухмии навъҳои помидор ва дигар намуди сабзавот ба таври автоматӣ иҷро гардида, барои таъмини сифати хуби маҳсулот ва бардоштани ҳосили баланд нуриҳои гуногун тариқи обёрии қатрагӣ ба растанӣ расонида мешавад.
Иттилоъ дода шуд, ки муътадилии ҳарорати гармхонаи гидропоникӣ тариқи системаи буғӣ ва ба таври автоматӣ дар ҳама мавсими сол нигоҳ дошта мешавад.
Помидоре, ки дар гармхонаи “ММК Агро” пухта расидааст, моҳи август аз тухм кишт шуда буд. Имрӯз дар натиҷаи заҳмати коргарон он ғарқи ҳосил аст. Ба тахмини хоҷагидорон, аз ин як гектар гармхона гирифтани 120 то 150 тонна помидори баландсифат имконпазир аст. Маҳсулоти омодашуда самараи қисмати гидропоникаи гармхона мебошад.
Дар қисми органикии гармхона, яъне ба таври маъмулӣ парвариш кардани тухмиҳо амалиёти парвариш ва нигоҳубини растанӣ ба таври автоматӣ ба роҳ монда шуда, муътадилии ҳарорати он бо усули радиаторӣ, яъне ҳавои сунъии гарм нигоҳ дошта мешавад.
Дар ин қисми гармхона сабзиши кӯчати булғорӣ, помидор ва ҳандалак таъмин карда мешавад.
Дар гармхона 40 нафар бо ҷойи кори доимию мавсимӣ ва маоши баланд таъмин мебошанд.
Зимни боздид аз имконият ва шароити мусоиди корӣ дар гармхонаи инноватсионӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба иқдоми соҳибкор баҳои баланд дода, бобати равнақ бахшидани гармхонадорӣ бо ин усул дастуру супоришҳои қатъӣ доданд.