Кӯмаки UNDP барои нобудсозии партовҳои сироятӣ

Ба як қатор муассисаҳои тиббии кишвар маводҳо барои муомилот бо партовҳои тиббӣ дастрас карда шуд.

Ин кӯмакҳо аз тарафи Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид (БРСММ) дар ҳамкорӣ бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати муомилоти бехатар ва нобудсозии партовҳои сироятӣ ва паст намудани таъсири сирояти коронавируси COVID-19 ба муҳити атроф ва солимии аҳолӣ  роҳандозӣ шуда, дар  доираи он 20,000 қутти барои ҷамъоварии партовҳои тиббии гурӯҳҳои А, Б, В ва Г, 400 ҷуфт дастпўшакҳои хоҷагидорӣ, 200 адад пешдомани истифодаашон бисёркарата, 100 адад контейнери махсус барои ҷамъоварии партовҳои хатарнок ба муассисаҳои тиббии шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳои Ваҳдат Турсунзода, Рўдакӣ, Варзоб, Файзобод, Ҳисор, Шаҳринав (аз ҷумла ба 400 нафар занон-ҳамшираҳои шафқат) бо мақсади беҳтар намудани таҷрибаи муомилот бо партовҳои тиббӣ дар сатҳи беморхонаҳо ва таъмини пешгирии сирояти дохилибеморхонагӣ дода шудаанд.

Тавре дар сомонаи Вазорати тандурустӣ гуфта мешавад, иқдоми мазкур ба муассисаҳои тиббии кишвар имкон медиҳад, ки таҷрибаи муомилот бо партовҳои тиббиро беҳтар намуда, хатари пайдо шудани дигар бемориҳои сироятӣ ва таъсири сирояти коронавируси COVID-19-ро ба муҳити атроф ва солимии аҳолӣ паст намоянд.

Бояд гуфт, ки Лоиҳаи идоракунии партовҳои соҳаи тандурустии БРСММ ба ҳалли масоили афзоиши бемайлони партовҳои тиббӣ ва хатарнок дар натиҷаи пандемияи COVID-19 нигаронида шудааст. Набудани технологияи дастраси идоракунии партовҳои тиббӣ ва таҷҳизотҳои муосири ҷавобгў ба талаботҳои стандартҳои экологӣ, хусусан дорои қобилияти назорати партовҳои ба ҳаво ихроҷшаванда ба қишрҳои васеъи аҳолӣ таъсири манфӣ мерасонанд.

Ҳадафи лоиҳаи БРСММ, яъне  Бартараф намудани хатари экологӣ бо роҳи такмил додани идоракунии партовҳои тиббӣ дар Тоҷикистон  ба дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар такмили системаи муомилот бо партовҳои тиббӣ нигаронида шудааст.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *