12 нозири барқ ба парвандаи ҷиноӣ кашида шуданд

Дар  чанд моҳи ахир ҳолатҳои зиёди дуздӣ, исрофкорӣ ва истифодаи ғайриқонунии неруи барқ ва маблағҳои аз фурӯши он бадастомада ошкор гардида, 12 нафар кормандони шабакаҳои барқӣ, бинобар даст доштан ба ин ҷиноятҳо, ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шуданд.

Дар ин бора  зимни нишасти матбуотии Прократураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Юсуф Раҳмон, прокурори генералии Тоҷикистон  хабар дод. Юсуф Раҳмон  дар шарҳи ин маълумот гуфт, ки  аз ҷумла нозири Шабакаҳои барқи ноҳияи А.Ҷомӣ зиёда аз 67 ҳазор сомонӣ пули нақди маблағҳои аз аҳолӣ ҷамъовардашударо бо роҳи сохтакории ҳуҷҷатҳо тасарруф намудааст.  

Прокурори генералии Тоҷикистон  ҳамчунин  иброз дошт, ки аз натиҷаи санҷишҳо дар ин самт баҳри бартараф намудани қонунвайронкуниҳо 1412 нафар ба ҷавобгарии интизомӣ, моддию маъмурӣ кашида шуда, 35 парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуд.

Ӯ гуфт, ба истифодаи сарфакоронаи неруи барқ диққати хоса дода шуда, бо натиҷаи санҷишҳои прокурорӣ 81 млн. сомонӣ маблағи истифодаи он барқарор карда шуд.

Ёдовар мешавем ахиран дар пайи камбуди барқ ва ҷорӣ шудани маҳдудиятҳо Президенти кишвар дастур дод, ки корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шавад ва ҳолатҳои ғайриқонунӣ ошкор гардад.

Наҷибуллои Ҳомидҷон

Радиои “Тоҷикистон”

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *