Имрӯз 25 январи соли 2021, душанбе мебошад.
Обу ҳаво
Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки ҳарорати ҳаво дар шаҳри Бохтар шабона 5-7° хунук, рӯзона 4+6° гарм мешавад. Дар вилояти Хатлон ҳавои тағйирёбанда буда, дар водиҳо шабона 4-9° хунук, рӯзона 0-5° хунук, дар водиҳо шабона 5-10° хунук, рӯзона 2+7° гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона 8-13° хунук, рӯзона 1-6° хунук мешавад.
Ҳавои камабри бебориш дар шаҳри Хоруғ пешгӯӣ мешавад. Ҳарорати ҳаво шабона 21-23° хунук, рӯзона 8-10° хунук мешавад. Ба иттилои Агентӣ ҳарорати ҳаво дар ғарби ВМКБ шабона 20-25° хунук, рӯзона 7-12° хунук, дар шарқи вилоят шабона 31-36° хунук, дар баъзе ноҳияҳо то 37-42° хунук (дар мавзеи Булункӯл то 50-52° хунук), рӯзона 19-24° хунук (дар мавзеи Булункӯл то 27-29° хунук ) мешавад.
Ҳарорати ҳаво дар шаҳри Хуҷанд шабона 4-6° хунук, рӯзона 0+2° гарм, мешавад. Дар вилояти Суғд ҳаво камабр шуда, дар водиҳо шабона 4-9° хунук рӯзона -3+2°, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 13-18° хунук, рӯзона 1-6° хунук мешавад.
Дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорати ҳаво шабона 7-9° хунук, рӯзона 3+5° гарм мешавад. Дар НТҶ ҳаво камабр буда, дар водиҳо шабона 9-14° хунук, рӯзона 1+6° гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 11-16° хунук, дар баъзе ноҳияҳо то 19-24° хунук, рӯзона -4+1°, дар баъзе ноҳияҳо то 6-11° хунук мешавад.
Қурби асъор
Бонки миллии Тоҷикистон имрӯз қурби асъори хориҷиро нисбат ба сомонӣ чунин муқаррар кардааст:
1 доллари ИМА — 11.3000 сомонӣ;
1 евро – 13.7419 сомонӣ;
1 рубли русӣ — 0.1502 сомониро ташкил медиҳад.
Тақвими рӯз
25 январи соли 1908 дар Боку аввалин маротиба намоиши операи «Лайлӣ ва Маҷнун» барпо гардид;
Ҳамин рӯзи соли 1924 дар шаҳри Шамони Франсия маросими кушодашавии аввалин Бозиҳои олимпии зимистона баргузор гардид;
25 январи соли 2001 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи таъсиси Раёсати хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» Фармон ба имзо расониданд. Ҳамчунин, дар ин рӯз Раёсати назорати давлатии молиявии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд;
Донишгоҳи давлатии Москва (ДДМ) ба номи М. Ломоносов 25 январи соли 1755 таъсис ёфтааст ва Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.Ломоносов яке аз донишгоҳҳои аввалине мебошад, ки миёни донишгоҳҳои Россия дар рейтингҳои байналмилалӣ ва дохилӣ пешсаф эътироф шудааст;
25 январи соли 2020 Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати ҷашни Сада ироа гардид. Дар он Пешвои миллат қайд карданд, ки ҷашнҳои аҷдоди ориёии мо, ба монанди Садаву Наврӯз, Тиргону Меҳргон бозтоби пайванди инсону табиат, ойинҳои вобаста ба корҳои кишоварзӣ, инчунин, ҳунармандӣ буда, беҳтарин ғояҳои инсонӣ моҳият ва муҳтавои онҳо мебошанд. Сада дар саргаҳи ин ҷашнҳои миллӣ қарор дошта, он пеш аз ҳама, кишоварзонро аз оғози омодагӣ ба кишту кор, яъне тайёрӣ ба баҳор хабар медиҳад. Ҷашни Сада ҳамчун рамзи хуррамиву ободӣ, тандурустиву шодкомӣ ва дуркунандаи зиштиву нопокӣ аҳаммияти баланди иҷтимоӣ ва фарҳангӣ дорад.;
Имрӯз Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Рӯзи кормандони соҳаи меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ мебошад.