Ба шуъбаи адабиёт доир ба фарҳанг ва ҳунари Китобхонаи миллии Тоҷикистон 60 номгӯйи пиеса, ки дар маҷмӯъ 101 нусхаро ташкил медиҳанд, ворид шуд.
Тавре дар сомонаи Вазорати фарҳанг гуфта мешавад, хонандагон имкон доранд бо пиесаҳои мазҳакаи дупардагии «Муаллими рақс» – и Ато Ҳамдам ва Леонид Чигрин, драмаи дупардагии Шодӣ Солеҳ «Қумрӣ шишту Шоҳин парид», драмаи дупардагии Иброҳим Усмонов «Даҳ рӯзи генерал Шерак», мазҳакаи дупардагии Абдувадут Файзиев «Фарёди ишқ», драмаи дупардагии «Қарз» – и Ӯрунбой Усмонов, драмаи дупардагии Гулчеҳра Муҳаммадиева «Печутоби тақдир», драмаи дупардагии Ҳалим Шариф «Фоҷиаи тангроҳа» ва драмаи дупардагии «Бобуна» – и Абдуғаффори Абдуҷаббор, ки ба Озмуни ҷумҳуриявии драмнависон бахшида ба ҷашни 30 – солагии Истиқлоли давлатӣ пешниҳод шуда, сазовори ҷойҳои намоён гардида буданд, мутолиа намоянд.
Гуфта мешавад, ки ин пиесаҳо бо кумаки раёсати санъати Вазорати фарҳанг ворид шуданд ва хоҳишмандон метавонанд, ин пиесаҳо ва намоишномаҳоро аз шуъбаи адабиёт доир ба фарҳанг ва ҳунари КМТ дастрас намоянд.