Ба таъкиди муовини раиси вилояти Суғд Анвар Яъқубӣ 83,3 фоизи нақшаи умумии иншооти ҷашнии истеҳсолию иҷтимоии вилоят иҷро шудааст.
Ӯ дар маҷлиси фаъолони вилоят гуфт, ки дар соли 2020 дар миқёси вилоят 107 корхонаву коргоҳи нав бо 1570 ҷойи нави корӣ ба фаъолият шурӯъ намуданд. Тибқи нақша дар вилоят бунёд ва таҷдиди 7190 иншооти ҷашнии истеҳсолию иҷтимоӣ пешбинӣ гардида, то ин давра 5990 иншооти гуногун ба истифода дода шуд ва нақшаи умумӣ 83,3 фоиз иҷро шудааст.
Инчунин, қайд гардид, ки ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳои вилоят бунёд ва таъмиру тармими иншооти варзишӣ пешбинӣ гардидааст, ки ба рушди соҳаи варзиш ва таъмини солимии ҷомеа заминаи мусоид фароҳам меоварад. Айни ҳол дар миқёси вилоят 2673 иншооти варзишӣ, аз ҷумла 46 варзишгоҳ, 1845 майдончаи варзишӣ, 567 толор, 34 ҳавзи шиноварӣ ва 181 маҷмааю иншооти махсуси варзишӣ, аз қабили тир, боулинг, фитнес ва клубҳои ихтиёрӣ фаъолият доранд.
Дар соли 2020, дар маҷмӯъ, 39 иншооти варзишии нав бо маблағгузории буҷети вилоят ва шаҳру ноҳияҳо ба маблағи 28,1 млн. сомонӣ ва аз ҳисоби соҳибкорон ба маблағи 10,7 млн. сомонӣ мавриди истифода қарор гирифтанд.