Имрӯз 19 январи соли 2021, сешанбе мебошад.
Обу ҳаво
19 январ дар шаҳри Бохтар ҳарорати ҳаво шабона 4+6° гарм, рӯзона 13+15° гарм мешавад. Дар водиҳои вилояти Хатлон бошанд, шабона 2+7°гарм рӯзона 11+16° гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона 2+7° гарм, рӯзона 7+12° гарм мешавад.
Ба иттилои Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳарорати ҳаво дар шаҳри Хоруғ шабона 11-13° хунук, рӯзона 1-3° хунук мешавад. Дар ғарби ВМКБ шабона 2-7° хунук, дар баъзе ноҳияҳо то 11-13° хунук, рӯзона -4+1°, дар шарқи вилоят шабона 19-24° хунук дар баъзе минтақаҳо то 27-32 хунук (дар мавзеи Булункӯл то 38-40° хунук), рӯзона 7-12° хунук, дар баъзе минтақаҳо то 15-20° хунук мешавад.
Имрӯз ҳарорати ҳаво дар шаҳри Хуҷанд шабона -1+1°, рӯзона 8+10° гарм мешавад. Дар водиҳои вилояти Суғд шабона -2+3°, рӯзона 6+11° гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабо -2+3°, рӯзона 1+6° гарм мешавад.
Барои 19 январи соли 2021 дар шаҳри Душанбе шабона 1+3° гарм, рӯзона 12+14° гарм пешгӯӣ мешавад. Ҳарорати ҳаво дар водиҳои НҶТ шабона 0+5° гарм рӯзона 10+15° гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона -3+2°, дар баъзе ноҳияҳо то 7+9° хунук, рӯзона 1+6° гарм мешавад.
Қурби асъор
Бонки миллии Тоҷикистон имрӯз қурби асъори хориҷиро нисбат ба сомонӣ чунин муқаррар кардааст:
1 доллари ИМА — 11.3000 сомонӣ;
1 евро – 13.6346 сомонӣ;
1 рубли русӣ — 0.1516 сомониро ташкил медиҳад.
Тақвими рӯз
19 январи соли 1936 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ноҳияҳои Хуҷанд ва Қумсангир (ҳоло Ҷайҳун) таъсис дода шуданд;
Соли 2016 дар Япония дар синни 112 куҳансолтарин сокини сайёра Ясутаро Коидэ вафот кард;
Дар ин рӯзи соли 2017 дар арафаи 25-солагии Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон медали «25-солагии Хадамоти гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон» таъсис дода шуд;
3 сол пеш хабар дода шуд, ки як тасвири рассоми навраси тоҷик Нигина Азимова ба Намоишгоҳи байналмилалӣ дар Ҷумҳурии Чехия роҳ ёфта, соҳиби ҷоиза гардид. Ҳамчунин, дар ин рӯз «Ховар» гуфт, ки Вазорати корҳои хориҷии Америка оид ба масъалаҳои сайёҳӣ Ҷумҳурии Тоҷикистонро яке аз мамлакатҳои барои саёҳат амну бехатар арзёбӣ карда, барои сафар ба шаҳрвандонаш тавсия додааст;
19 январ дар Беларус Рӯзи наҷотдиҳандагон ва дар Исландия Рӯзи ҳамсар аст.