Дар муроҷиатномаи навбатии худ ширкати «Барқи тоҷик» хабар медиҳад, ки чанд муддат дар кишвар интиқоли барқ маҳдуд карда мешавад.
Дар ин муроҷиатнома, ки ба дасти сомонаи Радиои “Тоҷикистон” расид, гуфта мешавад, ки бо сабаби сардиҳои шадиди оғози фасли зимистон ва тӯлонӣ пешбинӣ шудани сардиҳои имсола, хавфи нарасидани захираи об то охири зимистон дар обанбори Неругоҳи барқӣ – обии “Норак” пеш омадааст. Сатҳи обанбори НБО “Норак” дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта чор метр паст аст. Ҳоло вазъият ҷиддист ва эҳтимоли то баҳор нарасидани захираҳои об ба миён омадааст. Аз ин рӯ, лозим меояд, ки чанд муддат дар кишвар – дар он мавзеъҳое, ки биноҳои баландошёна мавҷуд нестанд ва имкони истифодаи дигар манбаъҳои гармӣ мавҷуд аст, интиқоли барқ маҳдуд карда шавад. Маҳдудият аз рӯзи 5 январи соли 2021 асосан шабона ҷорӣ гардида, аз соати 23-00 шаб то соати 06-00 субҳ идома меёбад.
“Мо бовар дорем, ки ҳамватанони гиромӣ моро дуруст мефаҳманд, ки ин тадбир аз рӯи зарурат мебошад. Мақсад аз он пешгирӣ намудан аз пурра сарф шудани захираҳои об буда, дар сурати гарм омадани моҳҳои минбаъдаи зимистон, зиёд гардидани сатҳи об дар маҷрои дарёи Вахш ва захираи оби обанбори “Норак” имкони бекор кардани маҳдудият ба назар гирифта шудааст”, – омадааст дар муроҷиатномаи ширкати «Барқи тоҷик» ба мардуми Тоҷикистон.