Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо Раиси Шӯрои oлии мусолиҳаи миллии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон вобаста ба масъалаҳои Афғонистон Абдуллоҳ Абдуллоҳ раванди музокироти байниафғонӣ, робитаҳои байни Тоҷикистон ва Афғонистон дар соҳаҳои гуногун ибрози назар намуданд.
Тавре аз вазорат иттилоъ додаанд, дар мулоқот зикр шуд, ки муносибатҳои дӯстӣ, ҳамкорӣ ва шарокат байни ду кишвари ҳамҷавор ва ҳамзабон имкон медиҳад, ки Душанбе ва Кобул дар масъалаҳои мубрами байналмилалӣ ва минтақавӣ мавқеи яксон ё наздик дошта бошанд. Ҷонибҳо изҳор карданд, ки муборизаи муштарак бо терроризм, ифротгароӣ ва қочоқи маводди мухаддир самти муҳимми ҳамкорӣ байни ду кишвар мебошад. Таъкид шуд, ки ҷиҳати рафъи паёмадҳои ҳамагирии Ковид-19 ҳамкорӣ ва ҳамёрӣ байни ду кишвар бояд афзояд.
“Тоҷикистон кӯшишҳои Ҳукумати Афғонистонро дар таъмини амният ва сулҳу субот дар кишвар ҷонибдорӣ мекунад. Дар ин робита, ҷониби Тоҷикистон аз раванди музокироти сулҳи байниафғонӣ дар Давҳа истиқбол мекунад. Ҷониби Тоҷикистон умедвор аст, ки музокироти сулҳи байниафғонӣ заминаи муҳкамро барои барқарорсозии сулҳу оромӣ дар кишвари азияткашида гузорад”, – гуфта шудааст дар хабар.
Ҳамчунин, таъкид шуд, ки Тоҷикистон ва Афғонистон дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, аз қабили Созмони Милали Муттаҳид, Созмони ҳамкории Шанхай, Созмони ҳамкории исломӣ ва ғайра бомуваффақият ҳамкорӣ мекунанд. Ҷонибҳо аз сатҳи баланди робитаҳои сиёсӣ байни ду кишвар изҳори қаноатмандӣ карданд.