Toyota фаъолияташро қатъ мекунад

Ширкати мошинсозии Ҷопон – Toyota бо сабаби пандемияи коронавирус фаъолияти корхонаҳояшро дар Бритониё ва Фаронса муваққатан қатъ мекунад.

Тавре хабаргузории Киодо иттилоъ додааст, дар Британияи Кабир корхонаи моторсозӣ ва корхонаи васлкунӣ то фардо – 23 декабр баста мешаванд. Дар Фаронса бошад, аз ин рӯз пас корхонаи истеҳсоли чархҳо фаъолияташро қатъ кард. Ин тасмим бо сабаби қатъи интиқоли қисмҳо гирифта шудааст. Гузинае ҳам мавҷуд аст, ки чунин амалкарди ширкат метавонад ба қатъ шудани иртиботи байни ду кишвар пас аз кашфи мутатсияи нави коронавирус дар Бритониё рабт дошта бошад.

Ҳамчунин, омадааст, ки кормандони ин корхонаҳо пеш аз мӯҳлат барои таътили солинавӣ фиристонда мешаванд.

Ғоибов С.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *