Xонандагони тоҷик дар озмуни фаннии байналмилалӣ “International olympiad Antalya 2020” аз фанҳои дақиқ ва забономӯзӣ иштирок карда, 14 медал ба даст оварданд.
Хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд бо интишори як хабар қайд намуд, ки рӯзҳои 1 — 3 декабри соли 2020 дар шаҳри Анталияи Ҷумҳурии Туркия олимпиадаи байналмилалии “International olympiad Antalya 2020” баргузор гардид, ки дар он 22 нафар хонандагони тоҷик иштирок карда, соҳиби 14 ҷойи ифтихорӣ шуда, 4 медали тилло, 3 медали нуқра ва 7 медали биринҷӣ ба даст оварданд.
Дар олимпиадаи мазкур аз 29 кишвари олам беш аз 2000 нафар ҳузур доштанд ва хонандагони Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Хуҷанд Тоҷикистонро муаррифӣ намуданд. Лозим ба таъкид аст, ки олимпиадаи байналмилалии “International olympiad Antalya 2020” тариқи фосилавӣ баргузор гардид.