ТО 14 СЕНТЯБР ДАР ТОҶИКИСТОН ХАТАРИ СЕЛ ВА ХОКБОРИШ ПЕШГӮӢ ШУДААСТ

Аз 11 то 14 сентябр дар ноҳияҳои алоҳидаи доманакӯҳию кӯҳии тобеи ҷумҳурӣ ва вилояти Суғд эҳтимоли сар задани сел пешгӯӣ мешавад.

Ҳамзамон, аз нимаи дуюми рӯзи 11 сентябр то 13 сентябр дар вилояти Хатлон, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва шаҳри Душанбе бар асари воридшавии хокбориш аз самти минтақаҳои ҷанубу ғарбӣ ва ҷанубу шарқӣ вазъи ифлосшавии ҳаво аз ҳисоби чанг ва зарраҳои муаллақ, аз ҷумла PM10 ва PM2.5, метавонад зиёд шавад.

Ба шаҳрвандон тавсия дода мешавад, ки дар чунин шароити обу ҳаво эҳтиёткор бошанд ва чораҳои зарурии бехатариро риоя намоянд.