Имрӯз меҳмонони хориҷии ҳамоиши илмии «Тоҷикистони соҳибистиқлол – пайвандгари тамаддуни ориёӣ» аз Театри миллии Тоҷикистон боздид намуданд.
Меҳмононро дар даромадгоҳи Театри миллӣ Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён ва директори театр М.М. Шарифзода самимона истиқбол гирифтанд.
Зимни мулоқот масъалаҳои рушди фарҳанг, сиёсати фарҳангии давлат ва тадбирҳои роҳандозишуда барои рушди инфрасохтори фарҳангӣ мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифтанд.
Меҳмонони хориҷӣ ҳамчунин бо бинои Театри миллӣ, толорҳо ва имкониятҳои техникию эҷодии он шинос шуданд. Ба гуфтаи масъулон, ин муассиса бо тарҳи муосир ва меъмории хоси худ аз иншооти муҳими фарҳангии кишвар ба шумор меравад.
Дар ҷараёни боздид меҳмонон бо шароити фаъолияти аҳли эҷод ва ҳунармандони театр низ шинос гардиданд.
Ҳамоиши илмии «Тоҷикистони соҳибистиқлол – пайвандгари тамаддуни ориёӣ» ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуда, рӯзҳои 7–9 сентябр дар шаҳри Душанбе идома меёбад.
