ИМРӮЗ ДАР ДУШАНБЕ ШУМОРАИ НАҚЛИЁТИ МУСОФИРБАР 20 ДАРСАД ЗИЁД КАРДА ШУД

Аз имрӯз шумораи умумии воситаҳои нақлиёти мусофирбар дар шаҳри Душанбе 20 дарсад зиёд карда шуд.

Тибқи иттилои Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе, шумораи автобусу троллейбусҳо ба 410 адад ва микроавтобусҳои мусофирбар ба 1200 адад расонида шудааст. Ҳамзамон, ба хатсайрҳо 500 адад нақлиёти хурди таксӣ илова гардид.

Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе аз шаҳрвандон ва ронандагон даъват кардааст, ки қоидаҳои ҳаракати роҳро қатъиян риоя намуда, аз таваққуфи нодуруст, гирифтани мусофир дар қатори дуюму сеюми роҳ ва гузоштани воситаҳои нақлиёт дар ҷойҳои муайяннашуда худдорӣ намоянд.

Таъкид мешавад, ки риояи қоидаҳои ҳаракати роҳ ва масъулияти шаҳрвандон ба пешгирии танбашавии нақлиёт ва беҳтар шудани сифати хизматрасонии мусофиркашонӣ мусоидат мекунад.