31 август марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол миёни дастаҳои мунтахаби ҷавонони то 20-сола оғоз мешавад.
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар гурӯҳи «D» барои роҳ ёфтан ба марҳилаи ниҳоии мусобиқа се бозӣ анҷом медиҳад. Футболбозони ҷавони тоҷик нахуст 31 август бо мунтахаби Баҳрайн вориди рақобат мешаванд.
Дар ду бозии баъдӣ тими миллии Тоҷикистон 3 сентябр бо мунтахаби Афғонистон ва 6 сентябр бо дастаи Урдун қувваозмоӣ мекунанд.
Ҳамаи вохӯриҳои гурӯҳи «D» дар Варзишгоҳи «Халифа Спорт Сити»-и шаҳри Исо-Тауни Баҳрайн баргузор мешаванд.
Тибқи низоми баргузории мусобиқа, ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 ғолибони ҳашт гурӯҳи интихобӣ ва ҳафт дастаи беҳтарини ҷойи дуюм роҳхат мегиранд.
