35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ: КИНОТЕАТРИ «ВАТАН» НАВСОЗӢ ВА БО ТАҶҲИЗОТИ МУОСИРИ САТҲИ ҶАҲОНӢ МУҶАҲҲАЗ ГАРДОНИДА ШУД

Ба истиқболи 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон кинотеатри «Ватан» пурра навсозӣ шуда, бо таҷҳизоти муосири синамоӣ ва технологияҳои сатҳи ҷаҳонӣ муҷаҳҳаз гардид.

Тибқи иттилои Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм», толори нав барои баргузории нахустнамоиши филмҳои миллӣ ва байналмилалӣ, фестивалҳо, форумҳо ва рӯзҳои кинои кишварҳои хориҷӣ имкониятҳои васеъ фароҳам меорад.

Филмҳо дар экрани касбии калон бо андозаи 10,3 ба 5,7 метр намоиш дода мешаванд. Барои роҳати тамошобинон 250 курсии нави кинотеатри модели Xinxi-1 насб гардида, барои шахсони дорои маъюбият низ ҷойҳои махсус пешбинӣ шудаанд.

Толори кино бо дастгоҳи лазерии рақамии намоиши филм ва сервери муосир таъмин буда, барои баланд бардоштани сифати садо 23 баландгӯяки низоми касбии садобарорӣ насб шудааст.

Ҳамчунин, интернети баландсуръат, шабакаи дохилии рақамӣ, низоми назорати видеои IP, таҷҳизоти нави чиптафурӯшӣ, низоми эҳтиётии барқ, равшанидиҳӣ, саҳна ва парда навсозӣ гардидаанд.

Ба истифода омода гардидани толори нав дар кинотеатри «Ватан» қадами муҳим дар рушди инфрасохтори кинематографии кишвар арзёбӣ шуда, барои муаррифии синамои миллӣ ва баргузории чорабиниҳои байналмилалии кино дар сатҳи баланд заминаи мусоид фароҳам меорад.