АЗ 1 СЕНТЯБР ДАР ДУШАНБЕ ШУМОРАИ НАҚЛИЁТИ МУСОФИРБАР 20 ФОИЗ ЗИЁД МЕШАВАД

Бо мақсади беҳтар намудани хизматрасонии нақлиёти ҷамъиятӣ ва фароҳам овардани шароити муносиб барои мусофирон, аз 1 сентябри соли ҷорӣ шумораи умумии воситаҳои нақлиёти мусофирбар дар шаҳри Душанбе 20 фоиз зиёд карда мешавад.

Тибқи иттилои Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе, аз оғози соли нави таҳсил шумораи тролейбус ва автобусҳо ба 410 адад ва нақлиёти микроавтобусӣ ба 1200 адад расонида мешавад. Ҳамзамон, дар пойтахт шумораи нақлиёти хурди таксӣ 500 адад зиёд карда хоҳад шуд.

Афзоиши шумораи нақлиёти ҷамъиятӣ, пеш аз ҳама, ба беҳтар намудани сатҳи хизматрасонӣ, коҳиш додани мушкилоти вобаста ба интиқоли мусофирон ва таъмини ҳаракати муназзами нақлиёт дар пойтахт равона шудааст.

Дар робита ба ин, Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе аз шаҳрвандон ва ронандагони воситаҳои нақлиёт даъват менамояд, ки талаботи қоидаҳои ҳаракат дар роҳро қатъиян риоя кунанд.

Аз таваққуфи нодуруст, гирифтани мусофир дар қатори дуюму сеюми роҳ ва гузоштани воситаҳои нақлиёт дар ҷойҳои барои ин мақсад муайяннашуда худдорӣ намуда, ба тамбашавии ҳаракати нақлиёт роҳ надиҳанд.

Масъулиятнокии ҳар як ронанда ва шаҳрванд метавонад ба беҳтар гардидани низоми ҳаракат ва сифати хизматрасонии нақлиёти мусофиркашонӣ дар пойтахт мусоидат намояд.