Пагоҳ, 31 август, дар саросари мамлакат Рӯзи дониш таҷлил гардида, соли нави таҳсил бо Дарси сулҳ оғоз мешавад. Имсол ин рӯйдоди муҳими соҳаи маориф бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №105-и ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе дар назар аст.
Ба ин муносибат муассисаҳои таълимии кишвар омодагии ҳамаҷониба гирифтаанд. Дар ҷамъомадҳои 31 август хонандагони синфҳои 8–11 ва донишҷӯён иштирок мекунанд, хонандагони синфҳои 1–7 бошанд, аз 1 сентябр ба дарс оғоз менамоянд.
Рӯзи дониш барои насли наврас на танҳо оғози соли нави таҳсил, балки паёми муҳими сулҳу созандагӣ ва даъват ба донишомӯзист. Зеро маҳз илму дониш ва касбу ҳунар заминаи рушди шахсият ва фардои ободи давлату миллат ба шумор меравад.
