Ширкати «Жонгшан»-и Ҷумҳурии Мардумии Чин тасмим гирифтааст, ки дар Тоҷикистон ҳавзҳои муосири моҳидорӣ бунёд намояд.
Масъалаи мазкур зимни мулоқоти Раиси вилояти Суғд бо мудири кулли ширкати «Жонгшан» баррасӣ гардид. Дар вохӯрӣ ҳамчунин татбиқи лоиҳаҳои муштарак ва истифодаи роҳу усулҳои пешрафтаи парваришу истеҳсоли моҳӣ дар вилояти Суғд мавриди муҳокима қарор гирифт.
Зикр гардид, ки вилояти Суғд дорои имкониятҳои васеъ барои рушди соҳаи моҳипарварӣ буда, бо ҷалби сармоя метавон дар минтақа лоиҳаҳои муштаракро амалӣ намуд.
Тибқи маълумоти пешниҳодшуда, ширкати «Жонгшан» яке аз ширкатҳои пешсаф дар соҳаи парвариш ва истеҳсоли моҳӣ ба ҳисоб рафта, дар 50 давлати ҷаҳон беш аз 1200 ҳавзи моҳидорӣ дорад. Вобаста ба шароити иқлимӣ дар ин ҳавзҳо то 30 намуди моҳӣ парвариш карда мешавад.
