ТИМИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН БО ОЗАРБОЙҶОН, ЧИН ВА ФАЛАСТИН СЕ БОЗИИ ДӮСТОНА АНҶОМ МЕДИҲАД

Дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон дар доираи омодагӣ ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 се бозии дӯстона баргузор мекунад.

Мунтахаби Тоҷикистон моҳи сентябр бо тими миллии Озарбойҷон ва моҳи октябр бо дастаҳои миллии Фаластин ва Чин рӯ ба рӯ мешавад.

Бозии аввал 23 сентябр дар шаҳри Бокуи Озарбойҷон баргузор шуда, футболбозони тоҷик дар варзишгоҳи «Palms Sports Arena» бо мунтахаби ин кишвар қувваозмоӣ мекунанд.

Ду бозии дигари дӯстона дар шаҳри Чунтсини Чин доир мешаванд. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон таҳти роҳбарии сармураббӣ Игор Ангеловский рӯзи 2 октябр бо мунтахаби Фаластин ва 6 октябр бо тими миллии Чин бозӣ хоҳад кард.