РӮЗИ ФАРҲАНГИ ХАТЛОН ДАР ДУШАНБЕ

Имрӯз, 29 август, дар Боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсии шаҳри Душанбе Рӯзи фарҳанги вилояти Хатлон ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардид.

Дар доираи чорабинӣ дастовардҳои шаҳру ноҳияҳои вилоят, маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ, таомҳои миллӣ ва намунаҳои фарҳангу санъати Хатлонзамин ба сокинону меҳмонони пойтахт муаррифӣ мешаванд. Ҳамчунин баргузории барномаи фарҳангӣ-фароғатӣ дар назар аст.

Рӯзи фарҳанги вилояти Хатлон аз соати 08:00 оғоз шуда, то соати 20:00 идома хоҳад кард.