Аз 11 то 13-уми август дар Тоҷикистон озмуни тақсимоти такрории довталабон барои дохилшавӣ ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ баргузор мегардад. Дар ин марҳила довталабоне, ки дар озмуни тақсимоти асосӣ соҳиби ҷой нагардиданд, метавонанд бо истифода аз холҳои қаблан бадастовардаи худ дубора барои ихтисосҳои холимонда сабти ном шаванд.
Дар ин бора Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ, тақсимоти такрорӣ дар асоси ҷойҳои тибқи нақшаи қабул холимонда ва ё ҷойҳое, ки бинобар ҳозир нашудани баъзе донишҷӯёни қабулшуда озод гардидаанд, гузаронида мешавад. Рӯйхати ихтисосҳои дастрас баъди анҷоми муҳлати ҳуҷҷатсупории довталабони дар озмуни асосӣ комёбшуда дар сомонаи Маркази миллии тестӣ нашр мешавад.
Барои иштирок дар тақсимоти такрорӣ супоридани имтиҳони нав талаб карда намешавад. Довталабон бояд дар рӯзҳои муқарраршуда бо шиноснома ё шаҳодатномаи таваллуд (барои хатмкунандагони синфи 9), инчунин варақаи бақайдгирӣ ё даъватномаи қаблӣ ба нуқтаи бақайдгирии муайяншуда ҳозир шаванд. Арзиши аз нав сабти ном 30 сомониро ташкил медиҳад.
Натиҷаҳои озмуни тақсимоти такрорӣ рӯзи 17-уми август эълон хоҳанд шуд.
