349,5 МЛН. СОМОНӢ БА БУҶЕТИ ДАВЛАТӢ БАРҚАРОР КАРДА ШУДААСТ

Дар нимсолаи аввали соли 2026 Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 449 миллион сомонӣ маблағро ба манфиати давлат ва дигар субъектҳо барқарор намуд. Дар ин бора имрӯз зимни нишасти матбуотӣ оид ба натиҷаҳои фаъолияти шашмоҳаи Агентӣ иттилоъ дода шуд.

Зикр гардид, ки аз ин маблағ 349,5 миллион сомонӣ мустақиман ба буҷети давлатӣ ворид шуда, қисми боқимонда ба корхонаҳо, ташкилоту муассисаҳои давлатӣ, ҷамъиятҳои ғайридавлатӣ ва шаҳрвандон баргардонида шудааст.

Ба иттилои масъулон, барқарор гардидани ин маблағҳо дар натиҷаи ошкор намудани зарарҳои молиявӣ, рӯёнидани бақияпулиҳои андоз, таъини ҷаримаҳои маъмурӣ ва идомаи кор бо парвандаҳои солҳои қаблӣ таъмин шудааст.