Ҳаҷми умумии қарзи давлатӣ ба ҳолати 1 июли соли 2026 ба 3,4 млрд. доллари амрикоӣ ё 16,0 фоизи Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ баробар гардид, ки аз он 2,9 млрд. доллари амрикоӣ ё 85,5 фоиз қарзи беруна ва доираи 490,4 млн. доллари амрикоӣ ё 14,5 фоиз қарзи дохилӣ мебошад, — зикр намуд вазири молияи ҷумҳурӣ Файзиддин Қаҳҳорзода дар нишасти матбуотӣ.
Дар идома ҳамчунин таъкид шуд, ки дар нимсолаи якуми соли 2026 барои хизматрасонии қарзи берунаи Ҷумҳурии Тоҷикистон 270,3 млн. доллар пардохт шудааст, ки аз он пардохти қарзи асосӣ 230,1 млн. доллар ва фоизи қарз 40,2 млн. долларро ташкил медиҳад.
Нуктаи муҳими дигар ҷалби мабоағгузориҳо ба НБО Роғун мебошад, ки дар ин бора вазири молия таъкид намуд, ки 300,0 млн. доллари амрикоӣ барои маблағгузории лоиҳаи “Маблағгузории устувор барои ба анҷом расонидани сохтмони НБО Роғун – марҳилаи 2” пешбинӣ гардидааст.
Шоистаи Аҳмад
радиои «Тоҷикистон»
