Дар шаш моҳи аввали соли 2026 додгоҳҳои Тоҷикистон 630 парвандаи маъмурӣ вобаста ба вайрон кардани талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим» баррасӣ карданд.
Тавре раиси Суди Олии Тоҷикистон Рустам Мирзозода зимни нишасти хабарӣ иттилоъ дод, аз рӯи натиҷаи баррасии ин парвандаҳо 704 нафар ба маблағи умумии 5 миллиону 97 ҳазору 96 сомонӣ ҷарима шудаанд.
Ба гуфтаи ӯ, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта шумораи парвандаҳои баррасишуда 255 адад кам шудааст. Барои муқоиса, дар нимсолаи аввали соли 2025 барои вайрон кардани қонуни мазкур 630 нафар ба маблағи умумии 5 миллиону 155 ҳазору 996 сомонӣ ҷарима шуда буданд.
