Дар ноҳияи Рӯшон офати табии сел ва лағжиши сангу шағал ба вуҷуд омад

Дар натиҷаи якбора баланд шудани ҳарорати ҳаво ва обшавии босуръати пиряхҳо, 20 июли соли 2026 дар деҳаҳои Баррушон ва Деҳрушони ноҳияи Рӯшони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон сел ба амал омад. Тавре сомонаи расмии ВМКБ хабар нашр кардааст, дар натиҷаи офати табиӣ ба манзилҳои истиқоматии сокинон зарари моддиву молӣ расидааст. Хушбахтона, талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст.

Дар асоси дастури махсуси Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази ноҳияи Рӯшон ситоди доимоамалкунандаи вилоятӣ таҳти роҳбарии Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Шарифхон Сафарзода фаъолияти шабонарӯзиро ба роҳ мондааст.

Сокинони зарардида сари вақт ба ҷойҳои амну бехатар кӯчонида шуда, бо тамоми шароити зарурӣ таъмин гардиданд. Ҳамзамон, маводи ғизоӣ ва ниёзи аввал пурра ба ҳамаи оилаҳои зарардида дастрас карда шудааст.

Тибқи хулосаи Комиссияи вилоятӣ, дар натиҷаи рух додани офати табиӣ дар деҳаи Баррушон 10 хонаи истиқоматӣ пурра, 6 хона қисман ва 14 хона ба таври сабук зарар дидааст. Дар деҳаи Деҳрушон бошад, 4 хонаи истиқоматӣ қисман ва 6 хона ба таври сабук осеб дидааст, ки дар маҷмуъ 40 хонаи истиқоматиро ташкил медиҳад. Айни замон мутахассисон баҳогузории пурраи хисороти расидаро анҷом дода, барои ҳар як оилаи зарардида вобаста ба ҳаҷми зарар тадбирҳои мушаххаси дастгирӣ ва барқарорсозии манзилҳои истиқоматӣ амалӣ мегарданд.

Ҳамзамон, бо истифода аз техникаву имкониятҳои мавҷуда тоза намудани маҷрои сел, барқарор кардани роҳҳои маҳаллӣ ва дигар иншооти инфрасохторӣ бо суръат идома дорад. Ситоди доимоамалкунанда фаъолияти шабонарӯзиро ба роҳ монда, ҷараёни корҳои барқарорсозиро ҳамоҳанг месозад.