Дар шаш моҳи аввали соли 2026 аз ҷониби ноболиғон 405 ҷиноят содир шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 63 ҳолат зиёд мебошад. Дар ин бора Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода имрӯз зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод.
Ҳамчунин, дар ин давра аз ҷониби ҷавонон 1659 ҷиноят ба қайд гирифта шудааст, ки ин нишондиҳанда низ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта афзоиш ёфтааст.
Ба гуфтаи масъулон, вазъи мавҷуда тақозо мекунад, ки ҳамкории оила, муассисаҳои таълимӣ ва сохторҳои дахлдор дар самти тарбияи ҳуқуқии наврасону ҷавонон боз ҳам тақвият дода шавад.
Таъкид гардид, ки пешгирии ҷинояткорӣ дар байни ҷавонон яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти Вазорати корҳои дохилӣ буда, дар ин самт корҳои фаҳмондадиҳӣ ва чорабиниҳои профилактикӣ идома доранд.
Бузургмеҳр Алиев
