То имрӯз аз муассисаҳои ислоҳии кишвар 8008 нафар дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф» аз адои ҷазо озод шудаанд. Дар ин бора Вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Ашуриён имрӯз зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод.
Ба гуфтаи ӯ, дар ин давра аз миёни 3526 оилае, ки ақди никоҳашон бекор гардидааст, 3111 кӯдак барои тарбия ба яке аз волидайн — падар ё модар супорида шудаанд.
Ҳамчунин таъкид гардид, ки то имрӯз 9 хизматрасонии давлатӣ дар доираи салоҳиятҳои Вазорати адлия рақамӣ карда шудааст. Тибқи нақша, то соли 2029 шумораи хизматрасониҳои рақамигардидаи вазорат бояд ба 73 расонида шавад.
Сарвинози Сайдалӣ
радиои «Тоҷикистон»
