Дар нимсолаи аввали соли 2026 гардиши тиҷорати хориҷии Тоҷикистон ба зиёда аз 6,8 миллиард доллари ИМА расид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта (зиёда аз 4,7 миллиард доллар) беш аз 2 миллиард доллар зиёд мебошад. Дар ин бора сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Хуршед Каримзода зимни нишасти матбуотӣ ба намояндагони воситаҳои ахбори омма иттилоъ дод.
Ба иттилои ӯ, ҳаҷми воридоти мол ба кишвар зиёда аз 5 миллиард доллар-ро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли 2025 беш аз 1,4 миллиард доллар ё 36,7 фоиз афзоиш ёфтааст.
Ҳамзамон, содироти мол ба зиёда аз 1,5 миллиард доллар баробар гардида, нисбат ба нимсолаи аввали соли гузашта зиёда аз 635 миллион доллар ё 67,4 фоиз зиёд шудааст.
Тибқи маълумоти Хадамот, дар сохтори умумии гардиши тиҷорати хориҷӣ ҳиссаи воридот 76,8 фоиз ва содирот 23,2 фоиз-ро ташкил медиҳад.
Инчунин, аз аввали соли ҷорӣ ба ҷумҳурӣ ба маблағи зиёда аз 12 миллион доллар ёрии башардӯстона ворид гардидааст, ки нисбат ба нимсолаи аввали соли гузашта қариб 13 миллион доллар ё 51 фоиз кам мебошад.
