СУДҲОИ ТОҶИКИСТОН ДАР ШАШ МОҲ БЕШ АЗ 80 ҲАЗОР ПАРВАНДАРО БАРРАСӢ КАРДАНД

Дар нимсолаи аввали соли 2026 судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар марҳилаҳои якум, кассатсионӣ ва назоратӣ дар маҷмӯъ 80 ҳазору 193 парвандаи маданӣ, оилавӣ, ҷиноятӣ, ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, дархостҳои мақомоти тафтиши пешакӣ, пешниҳодҳои муассисаҳои ислоҳӣ ва иҷрочиёни хадамоти иҷроро баррасӣ намуданд. Ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 6 ҳазору 401 парванда зиёд мебошад. Дар ин бора имрӯз Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустам Мирзозода зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод.

Ба гуфтаи ӯ, аз шумораи умумии парвандаҳои баррасишуда дар марҳилаи якум 8 ҳазору 438 адад парвандаҳои маданӣ, 20 ҳазору 785 адад парвандаҳои оилавӣ, 6 ҳазору 495 адад парвандаҳои ҷиноятӣ, 31 ҳазору 496 адад парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, 4 ҳазору 519 адад дархостҳои мақомоти тафтиши пешакӣ ва 3 ҳазору 957 адад пешниҳодҳои сохтору мақомоти дахлдорро ташкил медиҳанд.

Таъкид гардид, ки ин нишондиҳандаҳо нисбат ба нимсолаи аввали соли 2025 аз рӯи аксари категорияҳои парвандаҳо афзоиш ёфтаанд.

Сурайёи Сироҷиддин

радиои «Тоҷикистон»