Имрӯз ҷаласаи ҷамъбасти шашмоҳаи аввали фаъолияти Радиои Тоҷикистон дар соли 2026 баргузор гардид. Дар он муовини раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, сарпарасти соҳа Соҳибзода Барно ва муовини сардори Раёсати барномаҳои радиоӣ Саймумини Абдусаттор иштирок намуданд.
Зимни ҷаласа ҳисоботи директори Радиои Тоҷикистон, сармуҳаррирони шабакаҳои «Садои Душанбе», «Фарҳанг», «Овози тоҷик» ва масъули сомонаҳои радио шунида шуд. Дар ҳисоботҳо натиҷаҳои фаъолияти шаш моҳи аввали соли 2026, дастовардҳои бадастомада ва масъалаҳои ҳалталаб мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Дар кори ҷаласа оид ба беҳтар намудани сифати барномаҳо, тақвияти фаъолияти иттилоотӣ, рушди платформаҳои рақамӣ ва баланд бардоштани сатҳи касбии барномаҳо пешниҳодҳои мушаххас ироа гардид.
Ҳамзамон, барои бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта ва боз ҳам самаранок ба роҳ мондани фаъолияти Радиои Тоҷикистон ва шабакаҳои он ба масъулон супоришҳои мушаххас дода шуд.
