Мунтахаби духтаронаи Тоҷикистон (U-17) рақибони худро дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 муайян кард. Маросими қуръакашии мусобиқа 16 июл дар қароргоҳи Конфедератсияи футболи Осиё дар шаҳри Куала-Лумпур баргузор шуд.
Тибқи натиҷаи қуръакашӣ, тими Тоҷикистон ба гурӯҳи «А» шомил гардида, бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Урдун ва Амороти Муттаҳидаи Араб рақобат хоҳад кард.
Бозиҳои гурӯҳи «А» аз 5 то 11 октябри соли ҷорӣ дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе баргузор мешаванд.
Дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 ҳамагӣ 30 даста ширкат доранд. Онҳо ба ҳашт гурӯҳ тақсим шудаанд: шаш гурӯҳ аз чаҳор даста ва ду гурӯҳ аз се даста иборатанд.
Тибқи низомномаи мусобиқа, танҳо ғолибони гурӯҳҳо роҳхати қисми ниҳоиро ба даст меоранд. Қаҳрамони амалкунандаи мусобиқа — Кореяи Шимолӣ, инчунин дастаҳои Ҷопон, Австралия ва мизбони марҳилаи ниҳоӣ — Чин, қаблан ҳуқуқи иштирок дар даври ниҳоии Ҷоми Осиё-2027-ро соҳиб шудаанд
