Маҷаллаҳои Маркази тадқиқоти стратегӣ мақоми илмии КОА-ро соҳиб шуданд

Ду маҷаллаи Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон — «Тоҷикистон ва ҷаҳони имрӯза» ва «Муносибатҳои байналмилалӣ ва амният» — ба феҳристи маҷаллаҳои эътирофшудаи илмии Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (КОА) шомил гардиданд. Дар ин бора имрӯз зимни нишасти матбуотӣ директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайриддин Усмонзода ба намояндагони воситаҳои ахбори омма иттилоъ дод.

Ба гуфтаи ӯ, дар нимсолаи якуми соли 2026 Раёсати таъминоти иттилоотии Марказ шумораҳои якум ва дуюми маҷаллаҳои «Тоҷикистон ва ҷаҳони имрӯза» ва «Муносибатҳои байналмилалӣ ва амният»-ро бо фарогирии 102 мақолаи илмӣ ба нашр расонидааст.

Сураёи Сироҷиддин

Радиои Тоҷикистон