Дар нимсолаи аввали соли 2026 дар марҳилаҳои якум, кассатсионӣ ва назоратии судҳои иқтисодӣ 2018 парванда баррасӣ шудааст. Дар ин бора раиси Суди Олии иқтисодӣ Зебунисо Абдуллозода имрӯз зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод.
Ба гуфтаи ӯ, аз ин шумора нисбат ба 1170 парванда ҳалнома қабул гардида, истеҳсолот оид ба 72 парванда қатъ шудааст. Ҳамчунин, қабули 8 ариза рад, 113 ариза бебаррасӣ шуда ва 6 мавод (3 парванда ва 3 ариза) аз рӯи тобеият ба дигар судҳо ирсол гардидааст.
Илова бар ин, 172 ариза ва шикоят беҳаракат монда, 197 аризаву шикоят бинобар ҷавобгӯ набудан ба талаботи қонунгузории мурофиавӣ ба муроҷиаткунандагон баргардонида шудаанд.
Зимни нишаст инчунин зикр гардид, ки дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ ҳангоми муроҷиат ба судҳои иқтисодӣ аз рӯи аризаҳои даъвогӣ ва шикоятҳо 1 миллиону 428 ҳазору 817 сомонӣ боҷи давлатӣ пешпардохт шудааст.
Ш. Аҳмад
радиои “Тоҷикистон”
