Дар ноҳияи Нуробод дар партави сиёсати созандаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон корҳои ободониву бунёдкорӣ бо маром идома доранд. Дар маркази ноҳия ва ҷамоатҳои деҳот аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ даҳҳо бинои маъмурию иҷтимоӣ ва дигар иншооти зарурии инфрасохторӣ бунёд гардида истодаанд.
Ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия сохтмони 257 иншооти таъиноти гуногун ба нақша гирифта шудааст. То имрӯз сохтмони 225 иншоот ба анҷом расида, мавриди истифода қарор гирифтааст, ки 87,9 фоизи нақшаро ташкил медиҳад. Дар натиҷа 316 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин шудаанд.
Айни замон дар 28 иншооти дигар корҳои сохтмонӣ идома доранд. Ҳамчунин, аз ҳисоби соҳибкорон 115 иншоот сохта, ба истифода дода шудааст.
Сокинони ноҳияи Нуробод бо рӯҳияи баланди ватандӯстӣ дар корҳои созандагию ободонӣ фаъолона иштирок намуда, барои истиқболи сазовори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми арзандаи худро мегузоранд.
Ҷамшед Раҳимбеков,
ноҳияи Нуробод
