Дар соли 2026 дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе бунёди 10 корхонаи саноатӣ бо таъсиси 698 ҷойи нави корӣ ба нақша гирифта шудааст. Айни замон дар ин корхонаҳо корҳои сохтмонӣ идома дошта, онҳо то ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди истифода қарор дода мешаванд. Дар ин бора имрӯз зимни нишасти матбуотӣ раиси ноҳияи Сино Умед Гуреззода иттилоъ дод.
Ба гуфтаи ӯ, ҳоло дар ҳудуди ноҳияи Сино 332 коргоҳу корхонаи саноатӣ фаъолият доранд, ки дар онҳо истеҳсоли 83 намуди маҳсулот ба роҳ монда шудааст.
Умед Гуреззода ҳамчунин зикр кард, ки дар шаш моҳи аввали соли ҷорӣ корхонаҳои саноатии ноҳия ба маблағи 1 миллиарду 513,1 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол намудаанд. Ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли 2025 362,2 миллион сомонӣ зиёд буда, суръати афзоиши истеҳсолот 131,5 фоиз-ро ташкил медиҳад.
Сурайёи Сироҷиддин
Радиои Тоҷикистон
