Аз 1 то 31 августи соли равон дар шаҳри Душанбе намоиш-фурӯши либосҳои мактабӣ баргузор мешавад. Дар ин бора мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе хабар додааст.
Тибқи иттилои манбаъ, дар намоиш-фурӯши мазкур либосҳои мактабӣ ва дигар лавозимоти зарурии таҳсил барои хонандагон пешниҳоди харидорон мегарданд. Ҳадаф аз баргузории чунин ярмарка фароҳам овардани имконияти мусоид барои дастрас намудани либоси мактабӣ ва омодагӣ ба соли нави таҳсил арзёбӣ мешавад.
Бо вуҷуди ин, мақомоти пойтахт то ҳол маконҳои баргузории намоиш-фурӯшро эълон накардаанд. Маълумоти иловагӣ вобаста ба ҷойҳои баргузории ярмарка дар рӯзҳои наздик пешниҳод хоҳад гашт.
