Истеҳсол ва воридоти орд дар Тоҷикистон афзоиш ёфт

Мувофиқи маълумоти омори гумрукӣ дар моҳҳои январ-июни соли равон ба ҳудуди гумрукии ҷумҳурӣ 35,4 ҳазор тонна орд ба маблағи 11,3 млн. доллар бо нархи миёнаи 320 доллар барои 1 тонна ворид карда шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта воридоти он 11,0 ҳазор тонна ва ё 45,2 фоиз афзоиш ёфтааст, иттилоъ дода шуд зимни нишасти матбуотии Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Дар идомаи нишаст хабар доданд, ки иштирокчиёни бозори воридоти орд 19 субъекти хоҷагидорро ташкил медиҳанд. Воридкунандагони асосии маҳсулоти мазкур ҶДММ “Сахад» (34,8%), ҶДММ «Таҷ Тур» (35,5%), Агентии таъминоти амволи махсуси назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (11,7%) ва дигар субъектони хоҷагидор (18,1%) ба ҳисоб мераванд. Дар баробари ин, мувофиқи маълумоти оморӣ дар моҳҳои январ-июни соли 2026 дар ҷумҳурӣ ба миқдори 399,4 ҳазор тонна орд (ба маблағи 1 141,0 млн сомонӣ) истеҳсол карда шудааст, ки ҳаҷми истеҳсоли он нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 95,8 ҳазор тонна ё 31,6 фоиз афзоиш ёфтааст.

Малоҳат Тоҳирова

радиои “Тоҷикистон”