Низоми ягонаи гардиши ҳуҷҷатҳои электронӣ бо назардошти таҷрибаи кишварҳои минтақа таҳия карда шуда, ҷиҳати таъмини мубодилаи мукотибот бидуни истифодаи коғаз фаъол мебошад, зикр намуд муовини аввали директори Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ Ҳаким Исмоилзода зимни нишасти матбуотӣ.
Таъкид гардид ки низоми мазкур бо имзои рақамӣ дар беш аз 2980 мақомоти марказӣ ва ташкилотҳои зертобеъ, инчунин мақомоти маҳаллӣ насб шуда, шумораи истифодабарандагони он 25 300 нафарро ташкил менамояд.
Татбиқи Низоми ягонаи гардиши хуҷҷатҳои электронӣ дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо дар марҳилаи анҷомёбӣ қарор дорад.
Дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади таъмини шаффофият ва самаранокии пешниҳоди хизматрасониҳои давлатӣ, инчунин рушди низоми ҳукумати электронӣ портали ягонаи хизматрасониҳои давлатӣ (ekhizmat.tj) ҷорӣ карда шуд. Дар доираи портали мазкур айни замон беш аз 116 хизматрасониҳои 16 мақомоти давлатӣ дастрас мебошад. Дар давраи ҳисоботӣ беш аз 976 644 — нафар бо назардошти нафақагирон аз айнияткунонӣ гузашта, 62 096 муроҷиат барои гирифтани хизматрасониҳои давлатӣ мавриди баррасӣ қарор дода шудаанд.
Тавассути портали ягона, хизматрасониҳои маъмул ба монанди иҷозат барои истифодабарии воситаҳои нақлиёт бо шишаҳои сиёҳу хира (ҳаррӯза зиёда аз 500 хизматрасонӣ), маълумот оид ба доштан ва надоштани доғи судӣ (ҳаррӯз зиёда аз 100 хизматрасонӣ ) ваколатнома барои истифодаи воситаҳои нақлиёт ва дигар хизматрасониҳо аллакай дастрас мебошад.
Низоми байниидоравии ҳамгироии иттилоотӣ (пули ҳушманд) ҷорӣ шуда, мақомоти хизматрасон ба он пайваст гардида истодаанд.
Дар назди Агентӣ Муассисаи давлатии «Маркази ҳифзи маълумот» таъсис дода шуд, ки фаъолияти он ба таҳкими амнияти киберӣ ва ҳифзи иттилоот дар низомҳои давлатӣ ва махзанҳои коркарди маълумот равона гардида, назорати ҳамаҷонибаи раванди ҷамъоварӣ, коркард, истифода, паҳнкунии маълумот ва татбиқи механизимҳои ҳифзи барномавӣ, бо истиснои маълумотҳои дорои сирри давлатӣ, амалӣ карда мешавад. Ин иқдом ба баланд бардоштани эътимоднокӣ,
шаффофият ва устувории низомҳои иттилоотӣ мусоидат менамояд.
Ш. Аҳмад
радиои “Тоҷикистон”
