Дар доираи омодагӣ ба ҷашни 35 — солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Ишкошим корҳои созандагию бунёдкорӣ бо маром идома доранд. Бунёду таҷдиди иншооти иҷтимоӣ, маориф, тандурустӣ, хизматрасонӣ ва фароҳам овардани зарурӣ аз ҷумлаи тадбирҳое мебошанд, ки бо мақсади беҳтар намудани вазъи зиндагии аҳолӣ амалӣ карда мешаванд.
Тавре сармеъмори ноҳияи Ишкошим Махфират Давлатова иброз дошт, дар ноҳия барои истиқболи ҷашни миллӣ 110 банди нақшаи чорабиниҳо пешбинӣ гардидааст. «Дар доираи ҷашни таърихии миллат 110 банди нақша пешбинӣ шуда буд. То имрӯз 93 банди он пурра иҷро гардида, як қатор иншооти иҷтимоӣ ва хизматрасонӣ мавриди истифода қарор гирифтаанд. Айни замон дар 6 иншоот корҳои сохтмонӣ ва ободонӣ идома дошта, тибқи нақша дар муҳлатҳои муайян ба анҷом расонида мешаванд. Ҳамзамон дар ояндаи начандон дур 14 иншооти муҳим ба истифода дода мешавад. Бо ташаббуси 4 нафар соҳибкори маҳаллӣ сохтмони парки технологӣ оғоз шудааст. Ин иншоот баъди мавриди истифода қарор гирифтан барои рушди соҳибкорӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва беҳтар гардидани инфрасохтори ноҳия мусоидат хоҳад кард. Мо талош дорем, ки бо ҷалби ҳарчи бештари соҳибкорон раванди ободонии ноҳия боз ҳам тақвият ёбад» — иттилоъ дод, сармеъмори ноҳияи Ишкошим Махфират Давлатова ба Радиои Тоҷикистон.
Аз ҳисоботи сармеъмори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ишкошим бар меояд, ки масъулони ноҳия то таҷлили ҷашни 35 — солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамаи бандҳои нақшаи чорабиниҳоро пурра амалӣ намуда, бо густариши корҳои созандагию бунёдкорӣ дар рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳия саҳми арзанда мегузоранд.
Анисаи Иқболшо,
коромӯзи шуъбаи мухбирони Радиои Тоҷикистон
