Дар ҷамоатҳои деҳоти Чорсу, Балхобӣ, Тутиён, Боғгаӣ, Деҳибаланд, Чашмасорон ва Чилдухтарон сохтмони як қатор иншоот идома дошта, аксари онҳо дар арафаи анҷомёбӣ қарор доранд.
Мудири бахши сохтмон ва меъмории ноҳияи Муъминобод Файзулло Раҳимов иттилоъ дод, ки дар маркази ноҳия сохтмони бинои омор 85 фоиз, бинои бойгонӣ 95 фоиз ва қалъаи Муъминобод 90 фоиз иҷро шудааст. Корҳои сохтмонии ин иншоотро ҶДММ «Хуҷаинур» анҷом медиҳад.
Ҳамзамон, дар Беморхонаи марказии ноҳия бо дастгирии соҳибкорон корҳои таъмиру навсозӣ идома дошта, ба он зиёда аз 30 нафар сохтмончӣ ҷалб гардидаанд.
Дар баробари ин, бо ташаббуси соҳибкорон, сокинон ва шахсони саховатпеша таъмири роҳҳои маҳаллӣ низ ба роҳ монда шудааст, ки барои беҳтар шудани ҳаракати нақлиёт ва фароҳам овардани шароити мусоид барои сокинон мусоидат мекунад.
Масъулони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Муъминобод инчунин бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар маркази ноҳия ва ҷамоатҳои деҳот аксияҳои тозагӣ ва ободониро роҳандозӣ намудаанд. Дар доираи ин иқдом сокинон ҳафтае ду маротиба ба ҳашар баромада, дар корҳои тозаву озода нигоҳ доштани маҳалли зисти худ фаъолона саҳм мегузоранд.
Сулаймон Холов
Радиои Тоҷикистон
