Дар солҳои соҳибистиқлолӣ маркази ноҳияи Сангвор бо бунёди як қатор иншооти муҳими маъмурию иҷтимоӣ ба худ симои нав касб кардааст. Бинои нави мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, бинои Ҷамоати деҳоти Тавилдара, бинои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ин ноҳия, Маркази таъмини бехатарии озуқаворӣ, шуъбаи маориф, марказҳои савдо ва хизматрасонӣ, инчунин майдони Нишони давлатӣ ва муҷассамаи Исмоили Сомонӣ аз ҷумлаи иншоотҳое мебошанд, ки ба маркази ноҳия ҳусни тоза бахшидаанд.
Ҳамчунин, бунёди зиёда аз 100 километр хатти оби нӯшокӣ дар деҳаҳои ноҳия, сохтмони пулҳои мошингузару пиёдагузар ва синфхонаҳои иловагӣ дар назди муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ аз самараҳои даврони Истиқлолият арзёбӣ мегарданд.
Аз ҳисоби соҳибкорон дар маркази ноҳия зиёда аз 25 мағозаи тиҷоратӣ ва дар ҷамоатҳои деҳот беш аз 58 мағозаи хурду миёна сохта шуда, ба аҳолӣ хизмат мерасонанд.
Мутахассиси пешбари бахши меъморӣ ва шаҳрсозии ноҳияи Сангвор Ализода Идибек иттилоъ дод, ки бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия бунёди 106 иншоот ба нақша гирифта шудааст. То имрӯз 71 иншоот мавриди истифода қарор гирифта, корҳои сохтмонӣ дар дигар иншоот бо маром идома доранд.
Ҷамшед Раҳимбеков,
ноҳияи Сангвор
