Дар худуди ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе дар умум 225 коргоҳу корхонаи саноатӣ фаъолият дошта, дар 6 моҳи аввали соли равон аз ҷониби ин корхонаҳо ба маблағи 970,1 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 85,7 миллион сомонӣ бештар аст. Дар ин маврид зимни нишасти матбуотии ноҳияи мазкур раиси ноҳия Дилшод Сафарзода иттилоъ дод.
Тибқи маълумоти номбурда ин афзоиш асосан аз ҳисоби рушди соҳаҳои коркарди маҳсулот, дӯзандагӣ, саноати хӯрокворӣ, истеҳсоли масолеҳи сохтмон ва фаъолияти корхонаҳои миёнаҳаҷм ба даст омадааст.
Ҳамчунин дар ин давра 10 коргоҳу корхонаи нави саноатӣ таъсис ёфта, дар онҳо зиёда аз 67 ҷойи нави корӣ фароҳам оварда шуд. Дар маҷмӯъ бошад, дар шаш моҳи соли ҷорӣ дар ноҳия 5372 ҷойи нави корӣ таъсис ёфт, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 224 ҷой бештар мебошад.
М. Тоҳирова
