Дар нимсолаи якуми соли 2026 ба Тоҷикистон 889,4 ҳазор сайёҳ ворид шудааст. Дар ин бора имрӯз зимни нишасти матбуотӣ раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Ҷумазода хабар дод.
Ба гуфтаи ӯ, дар ин давра аз 1 миллиону 63,4 ҳазор шаҳрванди хориҷие, ки ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф овардаанд, 889,4 ҳазор нафар ба ҳайси сайёҳ арзёбӣ мешаванд. Ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 16,7 фоиз зиёд мебошад.
Гуфта шуд, ки аз шумораи умумии сайёҳон 806,9 ҳазор нафар аз кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) ва 82,5 ҳазор нафар аз давлатҳои хориҷи дур ба Тоҷикистон сафар кардаанд.
Ҳамчунин иттилоъ дода шуд, ки дар давраи ҳисоботӣ дар ҷумҳурӣ 216 ширкати сайёҳӣ фаъолият намудааст.
Сурайёи Сироҷиддин
радиои “Тоҷикистон”
