Олимони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон фаъолияти илмиро густариш доданд

Дар натиҷаи корҳои илмӣ-таҳқиқотии анҷомдодаи олимони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар шаш моҳи соли 2026 зиёда аз 1320 кори илмӣ ба нашр расонида шуд. Дар ин бора Қобилҷон Хушвахтзода президенти АМИТ имрӯз зимни нишасти матбуотӣ хабар дод. Ӯ ҳамчунин қайд намуд, ки дар давраи ҳисоботӣ зиёда аз 400 мақолаи илмӣ дар маҷаллаҳои кишварҳои ИДМ ва давлатҳои хориҷи дур нашр гардидааст.

Ҳамчунин дар нишаст гуфта шуд, ки бо мақсади таҳкими робитаи илм бо истеҳсолот ба вазорату идораҳои дахлдор 8 технология ва 4 лоиҳаи инноватсионӣ пешниҳод шуд.

Ҳамзамон дар давраи ҳисоботӣ олимони АМИТ 11 патенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ихтироъ, 2 қарори мусбат оид ба додани нахустпатент, 1 шаҳодатномаи муаллифӣ ва 2 шаҳодатномаи бақайдгирии ҳуқуқи муаллиф ба объектҳои моликияти зеҳнӣ ба даст оварданд.

Сарвинози С.

радиои «Тоҷикистон»