Новобаста аз шакли моликият ва тобеият дар шашмоҳаи аввали соли 2026 аз ҷониби 174 корхонаи саноатӣ ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ, бо назардошти сектори ғайридавлатӣ дар ҳаҷми 601 миллиону 377 ҳазору 300 баробар гардид, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба маблағи 151 млн. 591 ҳазору 300 сомонӣ зиёд буда, суръати афзоиш 130, 4 фоизро ташкил дод.
Дар ин хусус имрӯз зимни нишасти матбуотӣ Раиси ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбеи Сафар Мамадшоҳ ба намояндагони ВАО — кишвар иттилоъ дод. Инчунин гуфта шуд, ки дар ин давра аз 174 адад корхонаҳои истеҳсолӣ 105 адад корхонаҳо ҳаҷми истеҳсолотро зиёд намуда, 40 адад корхонаҳои бо сабаби пайдо нагардидани талабот, иҷрои уҳдадориҳоро кам намуда, 29 адад корхонаҳо фаъолият накардаанд.
О. Шарипова
радиои “Тоҷикистон”
