Дар давоми соли 2025 аз ҷониби мақомоти прокуратура 7 124 санҷиш гузаронида, 4 546 парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз намуда, 67080 нафар ба ҷавобгарии интизомӣ моддӣ ва маъмурӣ кашида шуда, ҳуқуқу манфиатҳои 269758 нафар барқарор карда шуданд. Дар ин хусус имрӯз зимни нишасти хабарии Прокуратураи генералӣ иттилоъ дода шуд.
Зимни баромадаш аз натиҷагирии фаъолияти прокурора дар соли сипаришуда, прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳабибулло Сайдулло зикр намуд, ки аз ин шумора 1 млрд. 980 млн. сомонӣ маблағи зарар рӯёнида шуда, 162,6 гектар қитъаи замин ба ҳолати аввала баргардонида шудааст.
Ба иттилои манбаъ дар самти назорати иҷрои қонунҳо оид ба ноболиғон ва ҷавонон 60621 санадҳои эътиноӣ оварда, 10086 нафар ба ҷавобгарии интизомӣ, моддӣ ва маъмурӣ кашида шуда, 755 парвандаи ҷиноятӣ оғоз ва 45,4 млн. сомонӣ зарар барқарор карда шудааст.
Ҳамзамон прокуророн назоратро бо 25080 парвандаҳои ҷиноятӣ таъмин намуда, аз ин 14041 парвандаро барои баррасӣ ба суд ирсол намуданд.
Гулру Ниёззода,
радиои “Тоҷикистон”
